<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><title>Ба дил гуфтам, чаро</title>
<lyrics>[V1]
.       Em                    Am
 Ба дил гуфтам чаро ин гуна шоданд
.        B               Em
 Дар ин дунё ба ҳар ҷое шарирон
.     Em                Am
 Чаро дар неъмату нозанд ҳар дам
.         C              B
 Ба рағми заҳмату дарди фақирон

[V2]
 Агар дасти ситам бардошт золим
 Занад то бар сари ҳар дардманде
 Ба пеши чашми Ту бо қаҳр бишкаст
 Ду бозуи ятими мустаманде

[C1]
.     Em               Am
   Шарирон бо ғуруру кинаву кибр
.     D                   G
   Худоҷӯяндагонро садди роҳанд
.    Em                  Am
   Хатокоранду беинсофу золим,
.            C            B
   Валекин соҳибони молу ҷоҳанд

[C2]
   Дилам аз ғусса пур шуд, чашмҳо тор
   Ба сӯи тирагӣ раҳ мекушудам
   Зи Ту навмед будам, эй Худованд
   Чун аз рози азал огаҳ набудам

[V3]
 Ту азрӯи муҳаббат, эй Худованд
 Кушудӣ чашмҳои бастаамро
 Зи ҳайвонмашрабӣ, эй Зоти бечун
 Раҳонидӣ Ту ҷони хастаамро

[V4]
 Худоё бо Ту наздикам ман ҳол
 Намехоҳам ман аз Ту дур бошам
 Ҳалокат овард дурӣ гузидан
 Агар дурӣ гузинам, кӯр бошам

[C3]
   Худоё, такягоҳи ман Ту ҳастӣ
   Ба мисли сахраи кӯҳӣ баланде
   Налағзад пои ман дар ҳеҷ роҳе
   Зи бадхоҳон намебинам газанде

[C4]
   Туро сад шукр мегӯям, Худоё
   Зи ҷону дил таваккал бар Ту дорам
   Ҳамеша мадҳи Ту вирди забонам
   Ба дардгоҳи Ту, ё Раб, рӯӣ орам</lyrics>
<key>Em</key>
</song>